- арз
- I[ارز]асоси замони ҳозира аз арзиданII[ارض]а. замин, хок; арзу само замину осмон; кураи арз кураи ЗаминIII[عرض]а1. баён, изҳор2. баёни аҳвол, гузориши аҳвол3. хоҳиш, талаб; арзи ҳол изҳори аҳвол, баёни ҳол; арзу дод шикоят; арз доштан а) майли гуфтани чизеро доштан; б) талаб доштан; арз кардан, изҳор намудан, гуфтан; арз шудан изҳор гардидан; маълум карда шудан; арзи касеро шунидан шикояти касеро шунидан; ҳоҷату талаби касеро гӯш кардан; арзи муддао кардан матлаби худро баён намудан; арзи ташаккур намудан сипосгузорӣ кардан, ташаккур гуфтан; арзу дод кардан шикоят намудан; арзу доди касеро пурсидан талаб ва шикояти касеро гӯш кардан; ба арзу доди касе расидан а) шикояти касеро гӯш кардан; б) хоҳишҳои касеро ба ҷо овардан◊ арзи ҳастӣ кардан даъвои мавҷудият кардан; ба вуҷуд омаданIV[عرض]а1. паҳноӣ, бар; муқоб. тӯл; арзу тӯл паҳноӣ ва дарозӣ, бару қад; дар арзи… дар муддати…2. фосилае, ки аз экватор ба тарафи шимол ва ҷануб дар хати меридиан ба воситаи дараҷаҳо ифода мегардадV[ارز]ниг. асъор
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.